Одат. Чаро калбузи мо гӯшгаз шуд?

Одат аслан ду самти нигариш, яъне ду ҷанбаи бархӯрд — мусбат ва манфӣ дорад. Баъзе одатҳо ба натиҷаҳои мусбат мебаранд, аммо баъзеи дигар чун устухон дар гулӯ дармемонанд.

Хушбахтона, банда зиёд шоҳиди одатҳое шудаам, ки вуҷудашон мояи ифтихор аст, ҷаноби Хоҷаев. Аммо одатҳоеро низ шоҳид будам, ки дастандаркоронашонро сархаму шарманда карданд. Фикр мекунам, худ ҳам хуб медонӣ, ки одатҳои шармовар кадоминанд ва атрофи онҳо ҷиддан бисёр сухан намегӯям. Зеро нофорам аст!

Вале, пеш аз он, ки баъзе хотиротро варақгардон намоям, як нуктаро мехоҳам гӯшрас созам. Инро, ки баъзан худи мо нафаре ва ё ҷонзодеро маҷбур месозем, то ба рафторе одат кунад. Масалан, мо маркабе доштем, ки бе инҷиқиву нозу нуз ҳама кори харонаро иҷро мекард. Аммо иттифоқе афтод, ки ин маркабак одатӣ шуд. Боре ба он бори зиёд бор кардем — се халтаи 50-килоӣ гандум. Баъди 600-700 метр масофаи роҳ маркаб ба замин ғелид. Борашро фаровардаву чун бархост, боз бор карда, химча задемаш. Бо машаққат борро то хона расонид. Вале, баъдҳо, ҳар вақте 100 кило маҳсулот бораш мекардем, ҳатман пас аз тай кардани ҳамон 600-700 метр роҳ меғелид. Як-ду соли дигар ба ҳамин минвол бор бурдаву овард ва фурӯхтемаш.

Дигар намуна ин ки, як ҳамсояамон гови зотии сершире харид. Чун рӯзи аввал ба чаро сар доданд, нисфирӯзӣ аз пода гурехт, зеро дар хона гӯсолаи ширмакаш қарор дошт. Касе аҳамият надод ва гов гурезии ашаддӣ шуд. Мисли он, ки мегӯянд “пойи арӯсро дар зери чодар зер кардан даркор”. Зеро шоҳидем, ки баъдан баъзе арӯсҳо зер кардан як тараф, ҳатто пой ба гардани шавҳар мемонанд! Барои он, ки сари вақт пеши роҳашон гирифта нашуд ва ин гуфтаи файласуфи машҳур Аврелий Августин ба миён омад: “Агар ба одат муқобилият накунӣ, дер ё зуд ба зарурат табдил меёбад”.

Инҳо ҳама як тараф, дӯстам Хоҷаев, қиссаи ҷолибе дорам, ки баробари шуниданаш шояд рӯзҳои дароз ба андеша равӣ. Дар деҳаамон мӯйсафеди хирадманду нуроние мезист, бо номи Назир. Бобои Назир барои ҳамаи мо — кӯдакон тимсоли мӯйсафедҳои раҳмдили афсонавӣ буд. Ана ҳамон раҳматии бобои Назир як сол ба оилаи мо бузе туҳфа кард. Чун бузро ба хона овардем ва дар оғил сар додем, бузу гӯсфандҳои соҳибоғил хеле-хеле кӯфтандаш. Бечора бузаки навомад, маъос мезаду аз ин кунҷи оғил ба он кунҷ медавид ва худро даруни охӯрҳо ҳаво медод. Ҷойи халосӣ мекофт, зеро муқобилият карда наметавонист, чун шох надошт. Ҳамин бешохияш сабаб шуду баъди чанд сол дар оғиламон ба ғайр аз 10-12 бузи кал дигар бузеву гӯсфанде намонд. Медонӣ барои чӣ? Барои он, ки ин модабузи кал одати наву ғалатӣ пайдо кард. Акнун ҳафтае набуд, ки падарам гӯши ягон гӯсфанд ва ё бузамонро дору накунад. Зеро, калбуз гӯши онҳоро мегазид! Чанд бор маслиҳат шуд, ки бузи калро фурӯшем, вале модарам намонд. Пофишории модарам сабаб дошт. Калбузи туҳфа гирифтаамон дар як сол ду маротиба насл меовард. Ҷолибтар ин ки, ҳар бор сетоӣ бузғола таваллуд мекард. Бар замми ин, қариб баробари як гови маҳаллӣ шир медод. Худи ман аз шири калбузамон мазза карда нӯшидаам…

Ҳамин тавр, тамоми бузу гӯсфандҳоро фурӯхтему калбуз дар оғиламон ҳокими мутлақ шуд ва наслашро зиёд кард.

Ҳоло дар оғиламон ягон бузу гӯсфанд надорем, ба ҷуз говҳое, ки то тавони калбузҳоямон шир дода наметавонанд, рафиқ Хоҷаев. Дигаронро намедонам, ман ҳамеша аз калбузи ширдеҳамон ёд мекунам. Зеро, бештар шоҳиди муборизаҳояш бо шохдорҳо будам. Вақте дарзаи алафро ба охӯр ҳаво медодам, медидам, ки бузу гӯсфандҳо девонавор ба калбуз дарафтодаву пеш-пеши шоху калла, дар танаи шиғ ҷафсаш мекарданд. Шояд ман ягона нафари оила будам, ки аз одати гӯшгазӣ пайдо кардани калбуз хурсанд ҳам шудам.

Ҳатто боре, вақте бо ҳамкасбам Зоҳири Сайфулло дар ошхонае менишастем, ҳолате ба миён омаду хотироти бузи калро зинда кард. Ду мусича тарсида-тарсида, оҳиста назди мизҳои мизоҷон нишаставу нонрезаҳоро ба нӯл гирифта, мегурехтанд. Зоҳир ба ин манзара дурудароз таваҷҷуҳ дод ва баъдан гуфт: “Нафс ҳа, нафс, бин, метарсанд, аммо маҷбур пеш меоянду наздат мешинанд”. Ба сухани ӯ розӣ барин, бо нишони тасдиқ сар ҷунбонидам ва ҳамон лаҳза майдони пур аз кабӯтарҳои роми Таксими Истамбул ба ёдам омаду худ ба худ гуфтам: “Бале, нафс аст, вагарна, бо ин рафтору атворе, ки баъзеи мо дорем, ҳатто одам ҳам аз наздикиямон истиҳола мекунад”.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *