Олим ва роҳбари дастгоҳи МТС дунёро тарк кард

Наҳтулло Назаров, роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба сомонаи Pressa.tj ҳамкорони номбурда хабар доданд, ӯ пеш аз зуҳри имрӯз, 17 октябр дунёи фониро тарк кард. Наҳтулло Назаров, доктори илмҳои кишоварзӣ ва донишманди соҳа буд, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам ба донишҷӯён дарс мегуфт.

Ӯ соли гузашта  роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда буд. Қабл аз ин муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд. Наҳтулло Назаров чанд соли охир аз бемории қалб азият мекашид ва дар хориҷа ҳам табобат гирифта буд. Ҳамкорон аз ӯ шахси  хоксору ҳалим ном мебаранд.

Сабаби марги Наҳтулло Назаров то ҳол гуфта нашудааст, аммо эҳтимоли зиёд номбурда бар асари бемории коронавирус аз дунё гузаштааст.

Наҳтулло Назаров зодаи ноҳияи Фархор буда, дар солҳои гуногун вакили парлумони Тоҷикистон низ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *