Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Онҳоро аввал парронданд ва баъд ҷасадҳоро сӯзонданд…

ШИРИНШОҲ, НУСРАТУЛЛО ВА НИСОРИН СЕ БУЗУРГМАРД ДАР КУҶО ХОК ШУДААНД?

Донскойи Москва – оромгоҳи се арбоби давлативу сиёсии Тоҷикистон: Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ба онҳо тири ноҳақ зада мешавад ва дили ҳассосу миллатпарасти онҳо барои ҳамеша аз тапиш боз мемонад.Аз омори парешон бармеояд, ки дар ин маскан аз солҳои 1930 то 1942 қариб 4200 нафарро ба қатл расондаанд.

Дар байни маҳкумшудагон, ки то охири солҳои 50-уми асри ХХ (асосан баъди марги Сталин) бегуноҳии бештарини онҳо собит шуд, намояндагони тамоми миллатҳои понздаҳ давлати шуравӣ ҳастанд.Гӯристон дар ҳамсоягии калисои ҳамноми он – Донской ҷойгир мебошад.

Атрофи онро деворҳои баланд иҳота карда, дар яке аз майдонҳои он лавҳаеро бо ин навишта (бо забони русӣ) вохӯрдан мумкин аст: «Қабрҳои умумии №1: хокистари ҷасадҳои дархостнашуда». Аз ҳамин навишта чӣ қадар дардноку фоҷиабор будани марги оромишёфтагонро пай бурдан мумкин аст.

Пас аз парронда шудани чеҳраҳои сиёсиву ҷамъиятӣ тани беҷони онҳоро касе гӯё суроғ накардааст ва ба ин хотир «ҷасадҳои дархостнашуда»-ро сӯзондаанд.Қатли «маҳкумшудагон» дар масофаи ду метр дуртар аз хонаи мурдасӯзӣ сурат гирифтаст. То солҳои 90-уми асри ХХ касе ҷуръати ба мазор наздик шуданро надошт, зери шубҳа афтодан мумкин буд.

Писари Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамроҳи коргардони тоҷик Давлат Худойназаров вақте бори нахуст суроғи ин қабристон меоянд, ҳамагӣ се лавҳачаи ёдгории гузаштагон ба чашм мерасид, ҳоло тахтачаву навиштаҳои хурду бузург чунон зиёд шудаанд, ки кас раҳгум мезанад.Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар охири моҳи октябри соли 1937 ба қатл маҳкум шудаанд.

Пайдост, ки душманони миллати тоҷик буҳтону туҳматномаҳоро ба номи онҳо маҳз дар ҳамин соли наҳс навиштаанд. Қатли онҳо давоми як ҳафта сурат гирифта, аввалин ҷабрдидаи он сиёсати нодуруст Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур буд. Аз талошҳои дар роҳи бунёди Тоҷикистони берун аз мухторияти РСС Узбекистон ҳама огоҳанд ва дар ин бора китобу мақолаҳои зиёд навишта шудаанд. Ҳоло пурсиш ин аст, ки воқеияти марги қаҳрамон чӣ гуна аст?Охири моҳи октябр ба номи Шириншоҳ барқия мерасад. Мувофиқи он, бояд ӯ ба Москва меомад. Шириншоҳ ба қатора нишаста, сӯйи Кремл раҳ мепӯяд. Ба шаҳр расида, дар меҳмонхонаи «Метрополь» ҷойгир мешавад. Дар меҳмонхона нафас рост накарда, ӯро намояндагони махсуси давлатӣ дастгир ва мувофиқи иттилои ками мавҷуда худи ҳамон рӯз ҳукми ӯро содир мекунанд.Шоҳидони ҳол ҳадс мезананд, ки Шириншоҳи 38-сола наздик омадани марги худро медонист. Ба ин хотир, ронандаи худро ба рухсатии думоҳа фиристода буд. Ҳамин тавр, ҷасади ӯ сӯзонда шуда, хокистараш дар қабри умумӣ рехта мешавад.Писарҳои Қаҳрамони Тоҷикистон – Шириншо ва Рустам танҳо соли 1990 аз нуқтаи хокшудаи падар огоҳ шуданд.

Ҷамъияти «Мемориал» дар ҳамкорӣ бо бойгонии марказии ФСБ (Хадамоти федеративии бехатариии Россия) ва шаҳрдории Москва китобе интишор доданд бо номи «Расстрельные списки» («Рӯйхати паррондашудагон»). Дар ҳамин китоб ному насаби падаршонро ёфтанд. Зуд руҳонии тоҷикро даъват карда, дуову фотеҳа хонданд ва то ҳол фарзандону наберагон ба зиёрати хокҷойи бобояшон меоянд. Дувумин касе, ки маҳкум шуд, аввалин комиссари маорифи халқи Тоҷикистони Нисор Муҳаммад аст. Мавсуф соли 1897 дар Ҳиндустон ба дунё омада (зодгоҳи ӯ дар ҳудуди Покистон аст ҳоло), минбаъд ба Осиёи Марказӣ паноҳ бурдааст. Дар ҳудуди на танҳо Тоҷикистон, балки дар шаҳрҳои Самарқанду Тошканд аввалин боғчаҳо, мактабҳо ва омӯзишгоҳҳоро маҳз бо ташаббуси ӯ бунёд ва таъсис додаанд. Ҳамин фаъолнокӣ ва талошаш барои равшанфикрии ҷомеаи тоҷик хашми нотавонбинонро ба бор оварда, сабаби навиштани чандин мактубҳои дурӯғину буҳтономез ба Москва мегардад.

Дар бораи дар мазори Донской хок шудани ӯ маълумоти дақиқ нест, зеро ӯро ҳангоми пурсиш дар боздоштгоҳ паррондаанд. Бештари сарчашмаҳо ва қонуни ондавраинаи мақомоти қудратӣ ба он далолат мекунанд, ки баъди марг тамғаи «душмани халқ» доштагонро, новобаста аз он ки дар куҷо кушта мешаванд, ба ҳамин қабристон меоварданд.Дар филми ҳуҷҷатии «Нисор», ки моҳи майи соли ҷорӣ коргардони зиндаёд Сафарбек Солеҳ рӯйи экран овард, наберагонаш зикр мекунанд, ки дар боздоштгоҳ бо муфаттиш гапи Нисор мегурезад, зеро муфаттиш гуноҳҳои содирнашударо ба гардани ӯ бор мекард.

Нисори қариб 40-сола, ки аз неруву шуҷоат пур буд, ба муфаттиши беадолат ҳамла меорад ва ӯ аз шиддати ғазаб ба сӯйи қаҳрамони мо дар ҳамон ҷо тир мекушояд.Баъди дақиқ шудани ин ва дигар тафсилоти фоҷиа соли 2018 Сафарбек Солеҳ якҷо бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар «Қабрҳои умумии №1» лавҳачаи ёдгории Нисор Муҳаммадро низ гузоштанд.Сафарбек Солеҳ ҳангоми таҳияи филм ва ошноӣ бо бойгонии ӯ дафтарчаеро ёфтааст, ки дар он Нисор беҳтарин шеъру байтҳои тоҷикиро сабт ва дар баъзе аз саҳифаҳо худаш ҳам машқи шеър кардааст.

Пайдост, ки дилбохтаи забону адабиёти мо буд.Сеюмин шахсияти муассири ҷомеаи Тоҷикистон, ки баъд аз се рӯзи қатли Шириншоҳ – 31 октябри соли 1937 дар мазори ёдшуда хок шуд, Нусратулло Махсум аст. Номбурда яке аз нахустин роҳбарони Тоҷикистон буд ва аввалин касест, ки бо маслиҳати устод Садриддин Айнӣ ба унвони Сталин нома навишт, то Тоҷикистон кишвари алоҳида ва мустақил бошад.Сафарбек Солеҳ навишта буд: «Шиносоӣ бо протоколи комиссия барои тақсимоти милливу маъмурии Осиёи Марказӣ равшан намуд, ки аввалин мактубро барои истиқлоли комили Тоҷикистони автономӣ ба номи Сталин Нусратулло Махсум навиштааст».

Ғолибан, ҳамин нома ба тақсимоти минбаъда таъсир расонда, Тоҷикистони шуравиро чун давлати ҳафтумини СССР ба вуҷуд овард.Духтари Нусратулло – Хосият рӯзи шуми боздошт шудани падарашро чунин ёд мекунад: «Воқеа 12 июл рух дода буд. Мо бо аҳли хонавода берун аз Москва – Тетково саргарми истироҳат будем. Ёд дорам, баъди нисфирӯзӣ се каси ношинос омада, падарамро бурданӣ шуданд. Падарам оромона ба онҳо итоат кард ва вақти рафтан моро бӯсид. Модарам бо каме изтироб пурсид: «Акнун тани танҳо бо фарзандон чӣ кор мекунам?». Падарам ҷавоб дод: «Истироҳатро идома диҳед, ба Москва меравам, ҳамаашро дақиқ мекунам, охир ман заррае гунаҳкор нестам. Пас, зуд пеши шумо бармегардам». Ин буд суханҳои охирини падарам. Он замон ман 11 сол, Акбар 8 сол доштем, Музаффари хурдакак 54-рӯза буд».Баъди 12 июл то 31 октябри соли 1937 чи рух додааст, номаълум боқӣ мемонад. Аммо аз як иттилои дар ҷаридаи «Коммунист Таджикистана» нашршуда маълум мешавад, ки Нусратулло Махсумро бо «айбномааш» танҳо дар таърихи 31 октябр шинос кардаанд.

Он вақт Нусратулло 56 сол дошт.Мазори Донскойи Москва аз лавҳачаҳои ёдгорӣ, зоирон ва зимистону баҳор аз гулҳои сафеду сурх пур аст. Ҳама тадриҷан наздикону пайвандони шаҳиди худро ёфта, ба таври рамзӣ лавҳачаҳои чӯбину сангӣ гузоштаанд. Дар он миён лавҳачаи мармарини ду қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ ва Нусратулло ва лавҳачаи чӯбини Нисор низ ба чашм мерасад. Имрӯзу фардо ҳар тоҷике, ки озими Москва шавад, гузораш ба ин мазор афтад, бояд ҳатман аз таърихи пурфоҷиаи миллаташ ёд кунад ва бо ҳама ҳастии худ дарк намояд, ки Тоҷикистон маҳз ба ивази талош, пайкор, ҷонбозӣ ва хуни ҳамин мардони бузургу бошараф сохта шудааст.Бузургмехри Баходур, «Ҷумҳурият»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.