Осиёи Марказӣ: Кӣ чӣ қадар коронавирус дорад?

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон аз афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ шумори мубталоён ба вируси корона ба 47 ҳазору 42 нафар расидаст.

Аз ин теъдод, 43 ҳазору 511 нафар беҳбуд ёфтанд ва 400 нафар ҷон бохтанд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 3 ҳазору 143 нафар бемори таҳти муолиҷа қарор доранд, ки ҳоли 706 нафар аз онҳо ногувор аст.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон ҳам бо эъломи мубтало шудани 53 мавриди ҷадид ба вируси корона дар 24 соати гузашта эълом кард шумори мубталоён ба 44 ҳазору 881 нафар расидааст, ки як ҳазору 63 нафар аз онон ҷон бохтанд.

Дар Қазоқистон низ бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти ин кишвар, шумори куллии мубталоён ба вируси корона аз 13 март то кунун ба 106 ҳазору 729 нафар, беҳбудёфтагон 100 ҳазору 518 нафар ва ҷонбохтагон як ҳазору 634 нафар эълом шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *