Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Оташ 52 касро кушту 50 нафари дигарро захмӣ кард…

Рӯзи дуввум аст, ки дар Бангладеш наметавонанд сӯхтореро, ки дар як корхона рух додааст, хомӯш кунанд.

Ин ҳодиса шоми 8 июл дар як корхони шаҳри Нараянганҷ рух додааст. Фабрика дар 20-километрии пойтахти Бангладеш — Дакка ҷойгир аст. Оташ дар яки воҳид тамоми биноро фаро гирифт.

Наҷотбахшон бо ягон роҳ наметавонад вазъро таҳти назорат гиранд. Дар ин фабрикаи бузург тақрибан 8 ҳазор нафар кор мекунанд.
Одамон барои он ки худро аз оташ наҷот диҳанд худро аз тирезаҳо ба берун мепартоянд. Дар натиҷаи ин сӯхтор дар Нараянганҷ 52 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 50 нафар дар беморхона бистарӣ шуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.