Озариҳо мурдаи 29 арманиро доданд

Илҳом Алиев ба журналистони хориҷӣ гуфт, ки таслими ҷасадҳо бо ташаббуси Боку ва ёрии Русия имконпазир шуд.

Озарбойҷон ба ҷониби Арманистон ҷасади 29 низомии куштшуда дар ҷангҳои Қаробоғи Кӯҳиро додааст.

Дар паи мавҷи нави задухӯрдҳо дар ин минтақаи ҷудоиталаб талафоти инсонӣ афзоиш меёбад. Интиқоли ҷасадҳоро ҳам Боку ва ҳам Ереван тасдиқ карда баробар бо ин бори дигар ҳамдигарро дар нақзи оташбаси бо миёнаравии ИМА ҳосилшуда гунаҳгор карданд.

Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, ки интиқоли ҷасадҳо бо миёнҷигии Федератсияи Русия ва бо кӯмаки кормандони САҲА ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх имконпазир шуд. Степанян гуфт, ки Арманистон омодагиашро барои таслими ҷасади низомиёни озарбойҷонӣ дар қаламрави Артсах (исми армании Қаробоғи Кӯҳӣ) баён мекунад.

Ҳикмат Ҳоҷиев, як ёвари президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба журналистони хориҷӣ гуфт, ки таслими ҷасадҳо бо ташаббуси Боку ва ёрии Русия имконпазир шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *