Падари Давлат Сафар даргузашт

Усто Шарифи Сафар, падари шоири шинохта ва директори нашриёти давлатии “Адиб” Давлат Сафар аз олам даргузашт. Марҳум 90 сол дошт.

Бино ба гуфти пайвандони Давлат Сафар, Усто Шарифи Сафар дар зодгоҳаш, ноҳияи Фархор дафн хоҳад шуд.
Нафарони зиёде ба унвони Давлат Сафар арзи тасаллият изҳор кардаанд. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар саҳифаи Фейсбукаш чунин пост гузошт:
“Ба дӯстам, шоир ва ношири маъруф, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Давлат Сафар дар робита ба даргузашти падари муҳтарамашон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, дар ин лаҳзаҳо ба рӯҳи мутаваффот дуо мефиристам, ки Худованди Азза ва Ҷалл роҳашонро ба олами охират сафед ва маконашро ҷаннат гардонад. Омин!”

Аз рӯйи навиштаҳои ахири Давлат Сафар дар саҳифаи Фейсбук, падараш вақтҳои охир бемор буд.
Ин шеърҳоро ӯ дар рӯзҳои бемории падараш навиштааст:
Ё Раб, ПАДАРИ маро нигаҳ дор,
Зӯри камари маро нигаҳ дор!

Муҳтоҷи дуои ӯст ҷонам,
Яъне,сипари маро нигаҳ дор!

Аз шом умеди субҳ дорам,
Файзи саҳари маро нигаҳ дор!

Оинаи рӯбарӯ ҷуз ӯ нест,
Нури назари маро нигаҳ дор!

Олӯи ду чашми ӯст файзам,
Олӯи тари маро нигаҳ дор!

Ҳар чини ҷабини ӯст панде,
Он шоҳасари маро нигаҳ дор!

Ному насаби ман аст аз ӯ,
Давлат Сафари маро нигаҳ дор!
Дар хоб ба ҷӯи ашк селам карданд,
Таъкид ба хоки сарду белам карданд.
Аз пушти дари хонаву хони падарӣ,
Ин субҳ фариштаҳо гуселам карданд.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз марги Шарифи Сафар андӯҳгин буда, ба пайвандонаш, бахусус ба шоир Давлат Сафар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.