Пахтаи Тоҷикистон дар Қазоқистон сӯхт

Хабаргузории қазоқии МИА “Казинформ”рӯзи 11 декабр бо истинод ба мақомоти деапртаменти ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар хабар додааст , ки як мошини пур аз пахтаи Тоҷикистон дар ин кишвар ба коми оташ рафтааст.

Сӯхтор дар шоҳроҳи Атирау Мангистау, дар наздикии шаҳри Қулсарии ноҳияи Жилиой рӯй додааст. Бо далели ҳанӯз норӯшан бордони мошини боркаши тамғаи DAF оташ гирифтааст.Ин мошин бо 12 тонна нахи пахта аз Тоҷикистон ба Туркия мерафт. Тамоми бори мошин сӯхта, хокистар шудааст.

Вале касе осеб надидааст” гуфтааст Хадамоти матбуоти департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Атирау .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *