Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Панҷ: Маоши думоҳаи омӯзгорон ва табибонро надодаанд

Омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва табибони беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ҳанӯз маоши моҳи июл ва августи соли равонро нагирифтаанд.

Сафарзода Абдулло, сардори Раёсати молияи ноҳияи Панҷ гуфт, дар ҳашт моҳи соли 2020 қисми даромади буҷети ноҳия ба маблағи 3 миллиону 622 ҳазор сомонӣ таъмин нагардидааст. Аз ин ҳисоб қарздории музди меҳнат танҳо дар моҳи июл 1 миллиону 640 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,-афзуд вай.

— 97 дарсади буҷети ноҳия барои пардохти музди меҳнат пешбинӣ шудааст. Вале дар ҳашт моҳ қисми даромади буҷет 94 дарсад таъмин шудааст. Ҳоло маоши моҳи июл ва августи омӯзгорону табибон пардохт нашудааст.

Бино ба иттилои Муҳаммадӣ Самиев, сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ табибон ҳанӯз маоши моҳи июл ва августро нагирифтаанд. Ӯ мегӯяд, “Аз сабаби саривақт пардохт нашудани музди меҳнат табибон шикоят мекунанд. Аммо ин аз мо ягон вабастагӣ надорад. Нақшаи андоз пурра иҷро шавад маоши мо саривақт пардохт карда хоҳад шуд”,-мегӯяд ӯ.

Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Ҳикмат Абдуллоев, изҳор кард, ки ҳанӯз музди меҳнати моҳи июли омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пурра пардохт нашудааст. Ӯ мегӯяд, маоши моҳи июли омӯзгорон беш аз 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Омӯзгорон ба шуъба омада аз напардохтани маошашон шикоят мекунанд. Аммо ин масъала ба мо вабастагӣ надорад. Ба Вазорати маорифи кишвар барои огоҳ шудан аз ин вазъият мактуб пешниҳод кардем. То ҳол ягон посух дастрас накардаем”, афзуд Ҳ. Абдуллоев.

Дар ҳамин ҳол Ализода Шариф, сардори нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ гуфт, давоми соли равон, нақшаи ҷамъоварии андоз дар ноҳия дар умум 96 дарсад таъмин гардидааст. Аммо бақияи қарзи андоз 6 миллиону 178 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Машраби Аловиддин       

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.