Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пашинян шарти мухолифинро қабул кард

Пашинян бинобар мағлубият дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ ва имзои оташбас бо Озарбойҷон, аз сӯи мухолифонаш зери фишори сахт қарор гирифтааст.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, ки таҳти фишори мухолифонаш қарор гирифтааст, рӯзи душанбеи 1-уми март дар миёни ҳазорон нафар аз тарафдоронаш гуфт, барои поён додан ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар, ҳозир аст интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор кунад.
Ҳамзамон бо тазоҳуроти мухолифони ҳукумати Арманистон дар баробари бинои порлумон, ки хостори истеъфои сарвазир ҳастанд, беш аз 20 ҳазор нафар аз тарафдорони Никол Пашинян дар Майдони ҷумҳурӣ дар маркази Ереван ҷамъ омаданд.

Пашинян бинобар мағлубият дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ ва имзои оташбас бо Озарбойҷон, аз сӯи мухолифонаш зери фишори сахт қарор гирифтааст.

Нерӯҳои арманӣ дар ин ҷанг шикасти сахт хӯрданд ва маҷбур шуданд бахшҳое аз минтақаҳои таҳти назорати худ дар Қарабоғи Кӯҳиро ба Озарбойҷон вогузор кунанд.
Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон тайи ҳафтаҳои ахир оромӣ дар ин кишварро ба хатар андохта буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.