Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парлумон: Пул деҳу аз хизмат озод шав, аммо…

Вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои судӣ, прокуратура , коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳарбиро анҷом дода бошанд.

Минбаъд дар Тоҷикистон солона ҳамагӣ 10 дарсади ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд ва онҳое, ки аз ин берун мемонанд, метавонанд бо пардохти маблағ ва машқи якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд. Тартиби пардохти маблағ ҳоло маълум нест ва ҳаҷми онро ҳукумат муайян мекунад.

Тарҳи қонун «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ» рӯзи 20-уми январ аз сӯи Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо муаррифӣ шуд ва парлумон онро тасвиб кард. Бар асоси тағйироти воридшуда, ҷавононе, ки кафедраҳои ҳарбиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хизмати ҳарбӣ, соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ мешаванд. Дар гузашта хатмкунандаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд ва рутба мегирифтанд.Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, ки минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои судӣ, прокуратура , коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳарбиро анҷом дода бошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Одам 22.01.2021 08:07

    «Дунё косаи давраст»
    Як ба таърих руйоварда гузаштаро баёд орёд, халки Мо чунин хаторо дар замонхои пеш низ аз сар гузаронида буд, боз такрор шуда истодааст.
    Аз даст додани хоку давлат такрор шуданист, ки пул дода ба хизмат намеравад?

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.