Парванда бар зидди корманди прокуратура Аҳмадзода

Прокуратураи генералӣ ба зидди Аҳмадзода парванда боз кардааст ва таҳқиқи он идома дорад.

Як корманди прокуратураи вилояти Суғдро ба қаллобӣ муттаҳам карда, ба зидди ӯ парванда кушодаанд, вале манобеъ мегӯянд, «феълан дар озодӣ аст».
Манучеҳр Аҳмадзода, писари Музаффар Аҳмадзода, муовини аввали раиси Агентии мубориза бо фасод аст ва дар шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мавриди ноболиғон ва ҷавонон дар прокуратураи Суғд кор мекард. Назари ӯ ва ё пайвандон ба қазия маълум нест.
Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 4-уми март гуфтанд, Прокуратураи генералӣ ба зидди ӯ парванда боз кардааст ва таҳқиқи он идома дорад. Қаллобие, ки бо он Аҳмадзодаро гумонбар медонанд, ба замони кораш дар ноҳияи Рӯдакӣ рабт дода мешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин замина чизе нагуфтаанд.
Дар Прокуратураи генерлии Тоҷикистон иттиҳом ба зидди Манучеҳр Аҳмадзодаро шарҳ надоданд, аммо як масъули ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 4 уми март гуфт, «парвандаш ба тақсими нодурусти замин дар ин ноҳия рабт дорад».
«То аввали ҳамин сол ёвари прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд ва зиёда аз панҷ сол кор кард. Намояндаҳои Прокуратураи генералӣ омада, бо мо суҳбат карданд ва гуфтанд, нисбат ба ӯ барои даст доштан дар тақсими нодурусти замин тафтиш идома дорад», илова кард ин масъули ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ. Мусоҳибони мо бо сабаби ҳассос будани мавзуъ нахостанд, номашон ошкор шавад.
Радиои Озодӣ дар моҳи ноябри соли гузашта дар заминаи тақсими шубҳаовари замин таҳқиқ анҷом дод. Дар пайи он Рустам Акрамзода, раиси пешини ноҳияи Рӯдакиро аз мансаб барканор карданд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи феврали имсол дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди ин таҳқиқот гуфт, «гуруҳи корӣ масъалаи заминфуруширо дар ноҳияи Рӯдакӣ месанҷад.»
Дар як ҳафтаи охир ин корманди дувуми прокуратура аст, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Аз ин пеш, мақомот гуфтанд, Сайфиддин Баҳриддинзода, дастёри додситони ноҳияи Шоҳмансурро бо айни иттиҳом таҳти ҷустуҷӯ қарор доданд.
«озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *