Парвандаи марги Меҳроншо ба суд рафт

Насим Амирзода бо моддаи 108, қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) гумонбар дониста мешавад ва парванда барои баррасӣ дар суд қабул шудааст.

Прокуратура парвандаи марги Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷро, барои баррасӣ ба суд супурдааст.
Меҳроншоҳи 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бар асари зарби тир ҷон бохт.
Прокуратура дар марги ӯ Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохилиро барои “куштор аз беэҳтиётӣ” айбдор кардааст.
Насим Амирзода бо моддаи 108, қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) гумонбар дониста мешавад ва парванда барои баррасӣ дар суд қабул шудааст.
Ин модда ба муҳлати аз ду то панҷ сол зиндон ва маҳрум намудан аз ишғоли мансабро пешбинӣ мекунад.
Меҳроншоҳ Ҷумъаев ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хизмат мекард ва 7- уми феврали соли равон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар бинои ШВКД ҳангоми қабули силоҳ аз тири «Калашников», ки аз сӯи ҳамкораш парронда шудааст, ҳалок шуд. Мақомот гуфтанд, тир аз беэҳтиётӣ парронда шудааст.

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ гуфтааст, ки онҳо ба одилона сурат гирифтани мурофиа умедвор ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *