Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парвози чартерӣ ба самти Душанбе-Минск-Душанбе

Рӯзи 10-уми сентябр, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” як парвози чартериро ба самти Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе анҷом медиҳад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.

Ин парвоз пеш аз ҳама барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии кишвари Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, роҳандозӣ гардидааст.

Барои ба рӯйхат гирифтан шаҳрвандонро зарур аст, ки ба сафортхонаи Тоҷикистон дар Минск ва Киев муроҷиат намоянд.

Ташрифоварандагонро зарур аст, ки бо худ маълумотнома оид ба надоштани коронавируси навъи КОВИД-19 дошта бошанд.

Амони Муҳаммад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.