Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пашинян сарвазир, Кочарян норозӣ…

Президенти Арманистон бо имзои фармоне Никол Пашинянро сарвазири он кишвар таъйин кард. Номзадии ӯро ба ин мақом Ҳизби “Созиши шаҳрвандӣ”-и Арманистон дар нахустин ҷаласаи порлумони нав пешбарӣ карда буд.
Ҳоло акнун Пашинян бояд дар 15 шабонарӯз девони вазирони Арманистонро ташкил кунад. Руйхати номзадҳои пешниҳодиро вакилони порлумони Арманистон тасдиқ хоҳанд кард. Расонаҳо менависанд, ки ба эҳтимоли зиёд, порлумони нав номзадҳои Пашинянро бидуни мушкил қабул хоҳад кард, зеро аксари курсии он дар ихтиёри ҳизби ӯст.
Намояндагони мухолиф дар ин ҷаласа дар тан либосҳоеро ба бар карда буданд, ки акси мухолифони боздоштшуда бо гумони суистифода аз мақомро доштанд. Мухолифони ҳизби ҳоким афроди боздоштшударо маҳбусони сиёсӣ меноманд.
Ҳизби “Созиши шаҳрвандӣ”-и Никол Пашинян дар интихоботи порлумонии 20 июни соли равон бо касби 53,92 дарсади раъйи мурдум пирӯз шуд. Эътилофи “Арманистон”-и президенти пешини он кишвар Роберт Кочарян, ки 21 дарсади раъй ба даст овард, гуфт, натиҷаҳои интихоботро намепазирад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.