Паёми Президент кай садо медиҳад?

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумонро даъват кардааст. Дар ин бора ба Pressa.TJ сухангӯи парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
Мувофиқ ба қарори имзокардаи Зокирзода, рӯзи 26 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор мегардад.
Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад, хабар дод Султонов.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштарак Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон паёми солонаашро ба парлумон қироат кунад. Одатан паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон охири декабр сурат мегирифт, аммо паёми имсола ба моҳи январ гузаронда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *