300 корхона бо 6,5 ҳазор ҷои кор дар 1 сол

Соли гузашта дар Тоҷикистон 300 коргоҳу корхона сохта шуд, ки сатҳи рушди иқтисодӣ 4,5 афзоиш ёфта, 6,5 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шуданд.

Инчунин, соли 2020 бинобар баста будани марзҳо ба ҷойи 400 -450 ҳазори  ҳамасола танҳо 111 ҳазор муҳоҷир ба хориҷа рафтанд. Ин нукта дар Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон, имрӯз, 26 январ садо дод.

Дар ин чорабинӣ, ки дар «Кохи Сомон» баргузор шуда истодааст,  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ,  Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, намояндагони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷавонон ва дигарон иштирок доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *