Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пешгӯиҳои пешво, ки амалӣ шуданд. Иосиф Сталин экстрасенс буд?

Иосиф Сталинро бисёриҳо диктотори бераҳм ва аксарият ҳамчун роҳбари бузург ва пешвои воқеии меҳнаткашони олам мешуморанд. Аммо кам касон ӯро ҳамчун пешгӯикунандаи ҳодисот мешиносанд. Дар ҳамин ҳол, Сталин пешгӯиҳои зиёдеро кардааст, ки минбаъд иҷро шуданд. Ҷанг бо Финляндия ва Олмонро пешгӯӣ карда буд,ки джар ин бора сафири СССР дар Шветсия Александра Колонтай менависад. Моҳи сентябри 1939, пас аз ҳамлаи Олмони фашистӣ ба Полша, сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Шветсия А.М. Коллонтай ба Москва омад. Ӯро ба Кремль даъват карданд. Александра Михайловнаро шахсан рафик Сталин кабул кард. Вай баъдан ҷузъиёти сӯҳбати онҳоро дар хотираҳои худ навишт. “Аввал, мо дар бораи муноқишаи онвақтаи Финляндия сухан мерондем. “Агар мо онро пешгирӣ карда натавонем, пас ин ҷанг кӯтоҳмуддат хоҳад буд”, – гуфт Сталин”. Дар ҳақиқат, ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ ва Финляндия ҳамагӣ чанд моҳ – аз 30 ноябри соли 1939 то 13 марти 1940 давом кард. Сталин инчунин дар ин вохӯрӣ гуфт: “Мо бояд амалан ба ҷанг бо Гитлер омода шавем.” Ҳоло ин суханон шояд касеро ба ҳайрат наоранд. Аммо дар он вақт онҳо садои ин пешгӯӣ аҷиб ба гӯш мерасиданд. Зеро он замон, ба таври расмӣ, дар байни ду кишвар дӯстӣ ҳукмфармо буд. Сталин ва Гитлер ба муносибати идҳо ба ҳамдигар табрикот ирсол мекарданд ва якдигарро ба садоқати худ итминон медоданд. 19 августи соли 1939 созишномаи тиҷории Олмон ва Шӯравӣ ба имзо расид. Дар доираи он, Иттиҳоди Шӯравӣ ваъда дод, ки ба Олмон мунтазам металл, маҳсулоти нафтӣ, ғалла ва дигар маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти барои мақсадҳои ҳарбӣ пешбинишударо таъмин мекунад. Дар навбати худ, немисҳо инчунин ӯҳдадор шуданд, ки СССР-ро бо таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла техникаи ҳарбӣ таъмин кунанд. Ва 23 август Молотов ва Риббентроп паймони машҳури ҳуҷум накарданро имзо карданд. Артиши Сурх дар тақсимоти Полша ширкат варзид ва моҳи сентябр паради муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Олмон ва Шӯравӣ дар қаламравҳои Украинаи Ғарбӣ ва Беларус, ки ба СССР ҳамроҳ карда шуданд, баргузор гардид. Сталин дар бораи решакан кардани парастиши шахсият ва фурӯпошии СССР гуфтааст . “Бисёре аз аъмоли ҳизб ва халқи мо, пеш аз ҳама дар хориҷа ва дар дохили мамлакат низ, таҳриф карда мешаванд. Номи маро низ сиёҳ мекунанд. Бисёр ваҳшониятҳоро ба ман нисбат медиҳанд. Сионизми ҷаҳонӣ бо тамоми қувва саъй хоҳад кард, ки Иттиҳоди моро нобуд кунад, то Русия дигар ҳеҷ гоҳ дубора сар боло накунад ” Вай инчунин дар бораи рушди миллатгароӣ дар кишвар, пайдоиши зиддиятҳои байни миллатҳо сухан гуфт. Тавре ки мо медонем, ҳамаи ин ҳодисаҳо пас аз тақрибан ним аср ба вуқӯъ пайвастанд. Сталин баҳори соли 1945, дар конфронси Потсдам, ғайричашмдошт ҳампаймонҳои и худро аз Бритониёи Кабир ва Иёлоти Муттаҳида даъват кард, то масъалаи тақсими моҳро баррасӣ кунанд. Ӯ гуфт: «Мо аллакай дар бораи тақсимоти Олмон ба мувофиқа расидем. Ман дар бораи моҳ сухан мегӯям. ” Сталин илова кард, ки СССР дар бораи моҳвораи Замин нуқтаи назари худро дорад. Шояд, агар Хрущев мисли Сталин дурандеш мебуд, кайҳонавардони шӯравӣ аввалин шуда ба Моҳ по мепариданд. Ва шояд ин пеш аз соли 1969 рӯй медод. Оё Сталин воқеан қобилияти пешбинӣ карданро дошт? Баъзе маъхазҳо даъво доранд, ки вай ба сеҳру ҷоду бегона набуд, ба сеҳру ҷоду, астрология майл дошт, бо экстрасенсҳо робита дошт. Аммо ин маълумоти тасдиқнашуда аст. Аз тарафи дигар, барои пешгӯиҳо дар бораи сарнавишти як кишвар, на як шахси мушаххас, донистани футурология, дидани тамоюлҳо ва дурнамои рушди вазъ кофӣ аст. Бо ин ё он роҳ, аммо пешгӯиҳо ӯ амалӣ шуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.