Пешгӯии Мессинг барои соли 2021

Вулф Мессинг пешгӯиҳоро дар робита бо сар задани муноқишаи калон байни Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ пешбинӣ кардааст,ки соли 2021 оғоз хоҳад шуд ва муддати тӯлонӣ идома хоҳанд ёфт

Вулф Мессинг, ки санаҳои дақиқи Рӯзи Ғалабаро дар ҶБВ ва марги Сталинро пешгӯӣ кардааст, вобаста ба соли 2021 низ фолбинӣ карда будааст.Ба гуфти ӯ,ки оғози бемории корронавирусро низ пешгӯӣ карда буд, дар соли нав он тадриҷан коҳиш ёфта, дигар паҳн намешвад.Мессинг бо нишон додани санаи дақиқи Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва инчунин санаи вафоти Иосиф Сталин- дӯсти наздики худ маъруф гардида буд.Мессинг марги худро низ пешбинӣ намуда буд . Ӯ бо як пешбинии худ писари Иосиф Сталин — Василийро. низ аз марг наҷот додааст. Вай дар пешгӯии худ таъкид кард, ки одамон тавре, ки динозаврҳои як замонҳо мурданд,аз коронавирус нахоҳанд мурд. Аммо, ба гуфтаи фолбин , барои тамоми Аврупо рӯзҳои вазнин аз лиҳози сиёсӣ фаро хоҳанд расид. Дар мавриди Русия бошад, соли оянда, ба гуфтаи Мессинг, дар он пешвои наве пайдо хоҳад шуд, ки миллатро ба замонҳои беҳтар ҳидоят мекунад. Роҳбари нав таълимоти худро ба роҳ меандозад, ки зуд ба тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Дар ин сол Вулф Мессинг пешгӯиҳоро дар робита бо сар задани муноқишаи калон байни Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ пешгуи кардааст,ки соли 2021 оғоз хоҳад шуд ва муддати тӯлонӣ идома хоҳанд ёфт. Ба гуфтаи экстрасенс, бо поёни ҷанг, хусумати ин се кишвар низ ба поён хоҳад расид. Вулф Мессинг соли 1899 дар Гура Калварияи Полша таваллуд шудааст, аммо солҳои зиёди ҳаёти худро дар Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронидааст, ки ватани дуввуми худ мешуморид. Мессинг бо қобилияти беназир ва собитшудаи худ бо дақиқии шигифтангезе ояндаро пешгӯӣ мекард ва бо ҳамин ба таърих дохил шудааст. Вақте ки соли 1974 ӯро ба беморхона барои ҷарроҳӣ бурданд, ӯ бо наздиконаш хайрухуш кард, зеро медонист, ки дигар онҳоро ҳеҷ гоҳ нахоҳад дид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *