Пирӯзии Баҳодур Усмонов дар Олимпиадаи Токио

Рӯзи 25-уми июл ду муштзани тоҷик дар Олимпиадаи Токио дар даври муқаддамотӣ рақобат карданд. Сараввал Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан вориди сабқат шуд. Хушбахтона қувваозмоӣ бо пирӯзии Баҳодур бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Муштзани тоҷик ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Баъдан Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо Даксианг Чен аз Чин вориди рақобат шуд. Дар ин сабқат намояндаи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Шаббос ҳаққи ширкат дар даври баъдиро надорад.
Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур муштзани дигари тоҷик , 29-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоиро аз даври 1/8-ниҳоӣ шуруъ мекунад. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса аст.

Аз байни паҳлавонони тоҷик нахустин шуда Сомон Маҳмадбеков рӯзи 26-уми июл ба сабқат сар хоҳад кард. Баъдан Акмал Муродов 27-уми июл ба рақобат мепардозад. Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл ва Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *