Пиразани 81 сола 6 миллион евроро ба ҳамсояҳояш мерос гузошт

Нафақахури олмонӣ Ренат Ведели пас аз марг ҳамсояҳояшро хурсанд кард. Ӯ, ки худ дар хонаи пиронсолон, дар Франкфурт зиндагӣ мекард, амвол ва беш аз шаш миллион евро маблағи ҷамъкардаашро ба ҳамсояҳояш бамерос гузошт. «Дар аввал ман фикр мекардам, ки ин ғайриимкон аст. Вале ин ҳақиқат буд», — раиси маҳааларо иқтибос меорад телевизиони CNN . Тибқи васият, сокинон вазифадоранд, ки меросро барои беҳтар кардани шароити маҳаллаи худ истифода баранд. Онҳо мехоҳанд пулро барои сохтани пайроҳаи велосипедронӣ, боғча, ҳавзи шиноварӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ сарф кунанд. Ренат Ведели 81 сола буд. Вай чанде пеш дар хонаи пиронсолон дар Франкфурт зиндагӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *