«Пирию хартозӣ» ё ишқи воқеӣ?

Донишҷӯе аз Мянмар дар ҷустуҷӯи марди сарватманд дар интернет ба як нафақахӯри оддие, ки аз ӯ 57 сол калон аст, ошиқ шуд ​​ва ҳоло ният дорад бо ӯ издивоҷ кунад. Қиссаи  ин  ҷуфтро Daily Star нашр кардааст.

 Ҷо, донишҷӯи 20-сола, дар як сайти шиносоӣ бо продюсери мусиқии 77-солаи бритониёӣ Дэвид шинос шуд. Духтар гуфт, ки ӯ марди сарватмандро меҷӯяд, то дар давоми таҳсил ӯро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин кунад.

Ҳар рӯз шиносҳои  нав муошират мекарданд ва пайванди онҳо боз ҳам мустаҳкамтар  мешуд. Сарфи назар аз он, ки Дэвид имкони аз ҷиҳати молиявӣ таъмин кардани духтарро надошт, ӯ машваратчӣ ва мураббии ӯ шуд. Якуним сол ин ҷуфт мукотиба мекарданд ва хар руз занг мезаданд. Дэвид фаҳмонд, ки дили ӯ хеле ҷавон аст ва худро дар паҳлӯи зани ҳамсолаш тасаввур карда наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, Ҷо барои ӯ комил аст. Дӯстдоштаҳо  умедворанд, ки онҳо дар Британияи Кабир вохӯрда, нақшаҳои муштараки зиндагиро баррасӣ мекунанд. «Ман ҳам мехоҳам  бо ӯ издивоҷ кунам, зеро ин ба ӯ каме эҳсосоти бехатарӣ медиҳад. Дар мавриди кӯдакон бошад, ман ҳеҷ гоҳ онҳоро намехостам, аммо агар Ҷо хоҳад, кӣ медонад? ” — кайд кард муйсафеди  бритониёӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *