Пиряхҳо об шуда роҳоро вайрон мекунанд

Сели пиряхӣ роҳи мошингарди Ваҳдат-Лахш-Қарамиқро барои чанд муддат баст. Ҳоло роҳ кушода шудааст, вале хавфи фаромадани селоба ҳамоно вуҷуд дорад.

Гармии ҳаво ба обшавии пиряхҳои мавзеи Арчакапаи деҳаи Сугати ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш оварда расонид, ки дар натиҷа сатҳи оби дарёи Сурхобро зиёд намуд. Бинобар ин як қисми роҳи калони мошингарди Ваҳдат-Лахш-Қарамиқ вайрон шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон.

Манбаъ меафзояд, то як муддат ҳаракати нақлиёт дар ин самт баста шуд.
Ҳамзамон дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Кабутов ду пули нақлиётгузари деҳаи Ёрмазори ноҳияи мазкур хароб гардиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 28 июл, дар кӯҳҳои Сугати ноҳияи Лахш як қисми ками пирях канда шуд,ки дар натиҷа маҷрои дарёи Тугатро баст. Оби аз маҷрои дарё баромада дар километрҳои 249-250-ум қитъаҳои роҳи Вахдат — Лахш — Қирғизистонро зер карда, қисман маҷрои дарёи Сурхобро низ баста буд. Феълан ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст ва сабҳи оби дарёи Сурхоб назорат карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *