Писари Маҳмурод ҳам паси панҷара рафт

Суди шаҳри Ҳисор Шайхмуслиҳиддин Ризоевро муддати 6 сол маҳкум ба зиндон кардааст.

Шайхмуслиҳиддин, писари Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошад. “Озодӣ” аз нақли мақомот хабар медиҳад, ки ӯ ба авбошӣ ва талоши таҷовуз ба номус гунаҳкор аст. Аммо пайвандонаш ҳукми судро беасос дониста, гуфтанд, ӯ қурбонии фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст.
Ҳукми суди шаҳри Ҳисор дар бораи Шаймуслиҳиддин Ризоев 25-уми феврали имсол содир шудааст. Масъулони суд танҳо рӯзи 1-уми март ва дар суҳбат бо “Озодӣ” эълони ҳукмро тасдиқ карданд.
Як масъули додгоҳ бе зикри номаш гуфт, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бар асоси моддаҳои 237, қисми 2 (авбошӣ) ва 32-138 (қасди таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста шудааст.

Пайвандони Ризоев гуфтанд, ҳукми судро қабул надоранд, чун ба иддаои онҳо, «ӯ зери шиканҷа ба гуноҳ эътироф кардааст». Меҳринигор Ризоева, модари Шайхмуслиҳҳиддин Ризоев 1-уми март ба «Озодӣ» гуфт, «ҳатто моро ба толори додгоҳ роҳ надоданд».
Масъулини суди шаҳри Ҳисор ва мақомоти дигари расмӣ дар бораи ҷузъиёти парвандаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев шарҳ надодаанд. Аз ҷумла, маълум нест, дар асоси кадом далел Ризоев ба қасди таҷовуз ба номус айбдор шудааст. Пештар Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, Ризоев ба авбошӣ дар як тарабхонаи шаҳри Ҳисор муттаҳам аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *