Писарам гум шудааст. Мо аз кӣ имдод ҷӯем? Куҷо равем ва ба кӣ умед бандем? Пулиси рус парвои мо надорад…

Аз гумшавии як ҷавони тоҷик пайвандонаш дар Русия ба пулис хабар додаанд, вале пулис барои пайдо кардани он талош намекунад. Чаро?!

Бар акси ҳол мақомот гуфтанд, кофтукоби Ҳасан Саидови 27-соларо оғоз намудааст. Чунин бедаракшавиҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия бори аввал нест ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия мехоҳанд, дар ин гуна ҳолат танҳо ба фиристодани мактуб қаноат накунад.

Ҳасан Саидов, дар якҷоягӣ бо волидайнаш дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекард. Бино ба гуфтаи хешовандон, ӯ баъд аз зуҳри 10-уми июл ҳамроҳ бо ду дӯсти русаш барои истироҳат ба кӯли Шапки меравад, ки аз хонаашон 45 километр дуртар аст. Як рӯз баъд дӯстонаш либосҳои ӯро оварда мегӯянд, Ҳасан нимашаб гум шудааст.

Ӯ чигуна гум шудааст? Чаро либосҳояшро дӯстонаш овардаанд? Магар ӯ белибос ғайб зад?

Лутфулло Табарзода писархолаи Ҳасан Саидов, рӯзи 23-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта аст, ки ҷустуҷӯ доранд, вале аз Ҳасан нишоне наёфтанд. Маълум нест, ки шаби 10 ба 11-уми июл бо Ҳасан чӣ воқеа рух додааст.

Писархолаи Ҳасан гуфт, ба ҳама мақомотҳои тафтишотии Русия ва ҳам консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат карданд, вале тафтишот ба сустӣ пеш меравад. “Рӯйхати зангҳои телефонии Ҳасан ва он бачаҳора худам пайдо кардам. Ҳол онки милисаҳо бояд ин корро кунанд. Даруни ҷангал ва ҳама ҷойи ҳамон маҳалларо худамон кофтукоб кардем. Пул дода ду маротиба ғаввос (водолаз) овардем. Вақте идораи милиса меравем, мегӯянд, чора дида истодаем. Имрӯзу пагоҳ гуфта гаштанд”,-афзуд Лутфулло Табарзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *