Пои президенти нави Амрико Ҷо Байден шикаст

Табибон гуфтанд, ки томографияи компютерӣ шикастани  устухонҳои пои рости Ҷозеф Байденро тасдиқ кард, ки ӯро аллакай васоити ахбори оммаи ИМА президенти тозаинтихоб эълон карда буданд.

Ба гуфтаи табибон, «шикастани як қисми  устухонҳои  паҳлуӣ ва миёнаи пои рост » тасдиқ карда шуд. Эҳтимол Байден маҷбур аст, ки тӯли чанд ҳафта пояафзоли  махсус пӯшад.  Дар ҳамин ҳол, дафтари Байден гуфт, ки сиёсатмадор қарор додааст,ки  рӯзи душанбе нахустин брифинги  президентии худро баргузор кунад. Байден аз хадамоти ҷосусии ИМА маълумот хоҳад гирифт, менависад РИА Новости. Хотиррасон мекунем, ки Байден ба ёрии тиббӣ ниёз дошт. Тавре,ки қаблан   гуфта буданд: » ӯ ҳангоми бозӣ бо саги худ  лағжид ва тағояки пояш ёзид…»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *