Пойгоҳи 201-и Русия бо навтарин мошинҳои ҷангӣ муҷаҳҳаз мешавад

Навсозии таҷҳизот дар муддати кӯтоҳ бо сабаби шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон сурат мегирад.

Пойгоҳи низомии Русия бо 17 мошини ҳозиразамони БМП-2М тақвият дода мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ бо истинод ба фармондеҳи Округи ҳарбии марказӣ (КВД) Александр Лапин.
Гуфта мешавад, ки навъҳои нави силоҳ барои иваз кардани намунаҳои кӯҳнашудаи таҷҳизоти воҳидҳои мототехникии пойгоҳи низомии 201 — и Русия пешбинӣ шудаанд.

Мошинҳои пиёданизоми муосир тавассути нақлиёти ҳавоии нерӯҳои фазонавардии Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Интизор меравад, ки таҷҳизоти нав то охири моҳи июл ба маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳи Русия оварда шаванд.

Тақвияти пойгоҳи низомии Русия дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон сурат мегирад.

Вазифаҳои асосии мошинҳои ҷангии пиёданизом интиқол, муҳофизат ва пӯшонидани хизматчиёни ҳарбӣ дар хатти пеш мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *