Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент Абдулазиз Комиловро пазируфт

Дафтари матбуоти Президент рӯзи 18-уми феврал навиштааст, ки байни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов мулоқот баргузор гардид. Дар ин мулоқот Президент гуфтааст, ки муносибат бо Узбекистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон “хусусияти афзалиятнок” дорад.
Дар ин дидор, Абдулазиз Комилов паёми Шавкат Мирзиёев президенти Узбекистонро, ки Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо” даъват кардааст, расонид.
Комилов, ки бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе омад ва бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷа ҳам дидор ва гуфтугӯ дошт. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.