Президент: Арчагузорӣ манъ аст

Чораҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар тамоми қаламрави кишвар манъ карда шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар рафти Маҷлиси Ҳукумат аз таҳдиди мавҷи дувуми коронавирус дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон гуфт ва ёдрас шуд, ки барои ҳамин кишвар қарор дод, ки соли навро таҷлил накунад.

«Вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон гузаронидани ҳама гуна чораҳои тантанавӣ  ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар тамоми қаламрави кишвар манъ карда шуд», — менависад аз суханони президент дафтари матбуотии президент

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон тавзеҳ додааст, ки аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ шудааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки масъалаи риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат шавад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон гузаронидани ҳама чорабиниҳои солинавиро манъ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *