Президент ба Покистон сафар мекунад

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст,ки пагоҳ Роҳбари Давлат бо сафари дурӯза ба Покистон меравад
«Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари расмӣ доранд ва интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо ва инчунин масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шаванд”,-гуфтааст Шарифзода. Ӯ гуфтааст, ки миёни ду давлат як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, маориф, фарҳанг, нақлиёт имзо хоҳанд шуд. Интизор меравад, ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, дифоъ, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ, гуфтугӯ кунанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расанд.
Ҳамчунин, дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Покистон Ориф Алавӣ мулоқот кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *