Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президенти Қирғизистон ба Душанбе меояд

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба мувофиқа расидаанд, ки дар нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мулоқоти рӯ ба рӯ мекунанд.

Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон 30-юми апрел, пас аз як рӯзи муноқиша дар марз телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.
Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизистониаш Содир Ҷабборовро “дар наздиктарин фурсат” бо як сафари расмӣ ба Душанбе даъват карда ва гуфтааст, “санаи баргузории мулоқот дертар тавассути каналҳои дипломатӣ маълум хоҳад шуд”.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба мувофиқа расидаанд, ки дар нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мулоқоти рӯ ба рӯ мекунанд. Аз он пеш, рӯзи 1-уми май, музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ дар мавриди таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд доир хоҳад шуд.
Сомонаи президенти Қирғизистон навишт, “суҳбати ду раҳбар дар фазои дӯстона ва бар пояи эҳтироми тамомияти арзии ду кишвар барпо шуд”. Хабаргузории расмии “Ховар” низ мулоқоти ду президентро “умедворкунанда” номид.
Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон менависад: “Майли ҷониби Қирғизистон ин аст, ки ҳама масоили байнидавлатӣ аз роҳи муколама ҳалли худро пайдо кунанд ва вазъи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил бимонад”. Ҷабборов изҳори итминон кардааст, ки ҳамкориҳои байни Қирғизистон ва Тоҷикистон “дар оянда ҳам бар асоси дӯстии суннативу дерина ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни мардуми тоҷику қирғиз батадриҷ пешрафт мекунад”.
Ҳарду президент ба зарурати идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи ду кишвар таъкид карданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.