Президенти Қазоқистон истеъфои ҳукуматро пазируфт

Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомард Токаев рӯзи чоршанбе, 5-уми январ, истеъфои ҳукуматро пазируфт. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарии ҳукуматро муваққатан муовини аввали нахуствазир Алихон Смаилов бар уҳда хоҳад дошт.
Гуфта мешавад, ки аъзои ҳукумати Қазоқистон то тасдиқи ҳайати нави кобинаи вазирон вазифаи худро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки эътирозҳо нисбати болоравии қимати маводи сӯхт дар Қазоқистон аз 2-юми январ идома доранд. Дар баъзе шаҳрҳо эътирозгарон аз президенти нахустини ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев даъват кардаанд, ки аз сиёсат канор равад. Рӯзи 4-уми январ дар майдони Алмаато тазоҳуркунандагон бо неруҳои қудратӣ даргир шуда ва дар шаҳрҳои дигари ин кишвар бетартибиҳо ба вуҷуд омадаанд. Дар пайи ин рухдодҳо президенти Қазоқистон Қосим Ҷомард Токаев дар шаҳри Алмаато ва вилояти Мангистау вазъи изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *