Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президенти нав, муносибатҳои нав

Президенти нави Эрон барои беҳтар кардани муносибатҳо бо Тоҷикистон таъкид кардааст. Ду кишвар аз соли 2015 боз равобити чандон хуб надоранд.
Иброҳим Раисӣ 4-уми август дар суҳбат бо раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоҳир Зокирзода, гуфтааст, ки “равобити Теҳрону Душанбе фаротар аз равобити одии ду кишвар аст ва … барои боло бурдани сатҳи ин равобит бояд қадамҳои ҷиддӣ бардошт.”
Маҳмадтоҳир Зокирзода барои иштирок дар маросими савгандёдкунии президенти нави Эрон ба Теҳрон рафтааст. Сомонаи президенти Эрон навиштааст,ки Зокирзода рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқот бо Иброҳим Раисӣ гуфтааст, “равобити Эрону Тоҷикистон бар асоси дину забон, фарҳанг, таъриху тамаддуни муштарак бино шуда, зарфиятҳои зиёде барои густариш дорад.”
Ба иттилои сомонаи президенти Эрон, дар ин суҳбат мавзӯи Афғонистон низ баррасӣ шудааст.
Иброҳим Раисӣ рушди равобити Эрону Тоҷикистон ва Афғонистонро “ба унвони се кишвари форсизабон” дорои аҳамияти зиёд номида, гуфтааст, “ноамниҳои имрӯзи Афғонистон… ба нафъи ҳеч кас нест. Эрону Тоҷикистон бояд барои рафъи нигаронии муштарак … ҳамкориҳои наздиктаре дошта бошанд.”
Тафсилоти аз ин бештари мулоқот дастрас нест. Аммо суҳбатҳо дар мавриди рушди муносибатҳо дар ҳолест, ки ду кишвар ба камияш аз соли 2015 ба ин тараф равобити хубе надоранд.
Иброҳим Раисӣ, ки ҳоло президенти Эрон интихоб шуд, дар гузашта дар мақоми раиси Додгоҳи олӣ кор карда, аз ҷониби Амрико барои нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла содир кардани ҳукми қатли зиндониҳои сиёсӣ таҳрим шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.