Президенти нави Ӯзбекистон моҳи октябр интихоб мешавад

Дар Узбекистон номзадҳои президентиро танҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ кардан мумкин аст. Айни замон, дар кишвар панҷ ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд.

Тавре Sputnik Ӯзбекистон хабар додааст, интихоботи навбатии президентӣ дар Узбакистон дар назар аст моҳи октябри соли равон баргузор шавад.
«Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон метавонад рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми октябр баргузор шавад»,-менависад, агентӣ.
Таъкид шудааст, ки санаи интихобот дар ҷаласаи фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар палатаи поёнӣ муҳокима карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, як рӯз пеш дар Ӯзбекистон ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он қайд карда шуд, ки ҳайати САҲА ва Бюро оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ки интихоботи парлумониро мушоҳида кард, як қатор тағйироти мусбатро дар системаи миллии интихоботии кишвар эътироф кардааст.
Бояд қайд кард, ки дар Узбекистон номзадҳои президентиро танҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ кардан мумкин аст. Айни замон, дар кишвар панҷ ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд.
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон ҳар панҷ сол як маротиба баргузор мешавад.
4 декабри соли 2016 дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд, ки дар он Мирзиёев, ки сарвазир буд, пирӯз шуд. 88,61% интихобкунандагон ба ӯ овоз доданд.
Президент Ислом Каримов, ки аз соли 1989 инҷониб кишварро идора мекунад, 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *