Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Путин: мо омодаем ба Тоҷикистон кӯмаки зарурӣ расонем

Зимни сӯҳбат сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин авзоъи ноороми марзии Тоҷикистон ва ҳаводиси Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.

Аз рӯи манбаъ, Президентҳои Русия ва Тоҷикистон зимни як гуфтугӯи телефонӣ дирӯз ба таври муфассал вазъияти мураккаб дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар рафти сӯҳбат Владимир Путин такъид дошт, ки Русия омода аст ба Тоҷикистон, ҳам дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, кӯмакҳои зарурӣ расонад.

Вобаста ба ин мавзӯъ Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин гуфтугӯ ҳамчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Тарафҳо дар рафти суҳбат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳори омодагӣ кардаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҳамтоёни қазоқу ӯзбеки худ – Қосим-Жомарт Токаев ва Шавкат Мирзиёев дирӯз гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода буд, ки дар рафти он низ вазъ дар хати сарҳад бо Афғонистон хеле пуршиддат арзёбӣ шуд ва Президентҳо вазъияти ташвишовари ин кишвари ҳамсояро, бахусус авзои вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии онро муҳокима карданд.
Тайи як моҳи ахир вазъият дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон нигаронкунанда боқӣ монда, ҷангиёни ҳаракати Толибон* (мамнуъ дар Тоҷикистон) чандин манотиқи ҳаммарз бо кишвари моро таҳти тасарруфи худ даровардаанд ва шумори низомиёни аз дасти Толибон фирорнамудаи кишвари ҳамсоя ба мамлакати мо ба беш аз 1580 нафар расидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.