Путин табиби тоҷикро дар Русия қадрдонӣ кард

Сурайё Абдуллоева, духтури собиқадори тоҷик, ки дар Русия фаъолият дорад, бо фармони Владимир Путин бо ордени Пирогов қадрдонӣ шуд.

Орден ба Сурайё Абдуллоева барои хизматҳояш дар мубориза бо коронавирус тақдим гардида, дар маҷмӯъ, ин мукофоти давлатиро ҳудуди 60 корманди соҳаи тиб сазовор шудаанд.

Сурайё Абдуллоева ҳамчун табиби кӯдакон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад. Ҳоло номбурда дар беморхонаи марказии ноҳияи Шатури вилояти Маскав фаъолият мекунад. Ӯ таҷрибаи фаъолияти 35 – сола дорад. Ордени Пирогов ҷоизаи давлатии Русия аст, ки бо фармони Владимир Путин аз 19 июни соли 2020 таъсис дода шудааст. Он ба номи олим ва ҷарроҳи рус Николай Иванович Пирогов номгузорӣ шудааст.

Ин ҷоиза барои корнамоиҳо дар зимни ироаи кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, эпидемия, амалиёти ҷангӣ ва дигар ҳолаҳои хатарнок ба табибони Русия тақдим мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.