Рӯҳи Аҳмадшоҳ домангирашон буд магар, ки Толибон санги мазорашро барқарор карданд…

Толибон* санги мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро барқарор кардаанд

Афроде, ки дар тахриби санги мазори Аҳмадшоҳ Масъуд даст доштаанд, муҷозот шуданд, хабар додаст Herat Times бо такя ба Толибон*.

Ба иттилои манбаъ, санги мазор барқарор гардида, дубора дар ҷояш насб шудаст. Шабакаи телеграми Sputnik Афғонистон бо нашри акси мақбара аз қавли Herat Times овардааст, ки муҳофизати мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд пурзӯр шудааст, то аз такрори тахрибкорӣ ҷилавгирӣ гардад.

Қаблан хабар дода шуд, ки аъзои гуруҳи Толибон* сарпӯши шишагии мақбара, ки ояи Қуръони карим дар он навишта шуда буд, шикаста, ҳамчунин санги мазорро пора намудаанд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Афғонистон изҳоротро дар бораи тахриби қабри Масъуд аз ҷониби ҷангиёни Толибонро* рад кард.

Аммо наворю аксҳо аз мақбараи тахрибшуда ба воқеӣ будани ин хабар далолат медоданд. Аммо Толибон* нахуст аксу наворҳоро «қалбакӣ ва фотошоп» хонданд, вале дар ниҳоят тахрибкориро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки сангро ба Кобул бурда, барқарор месозанд.

Чаро толибон ба чунин ислоҳпазирӣ рӯ оварданд? Чи онҳоро ба ин водор намуд? Барқарор намудани санги мазори Аҳмадшоҳи Масъуд кори осону саҳле барои Толибон нест! Аммо чӣ Толибро ба он водор кард, ки амали ношоямашро ислоҳ намояд?! Магар паси ин амали ишон боз ягон найрангест ва ё дар ҳақиқат онҳо аз кирдорҳои нагини худ шарм доштанд? Ба назар чунин мерасад, ки ин амали Толибон руҳу виҷдони худашон набуда, балки зери кадом як қуввае рӯ ба чунин ислоҳпазирӣ овардаанд, Ва бо ин узри бадтар аз гуноҳашон онҳо мехоҳанд ба мардум нишон бидиҳанд, ки ҷонибдорӣ аз адолатанд, Аммо бо он ки доранд, сари ҳар қадам даст ба бедодгариҳо мезананду зану духтаронро зерифишор қарор дода ҳуқуқҳояшонро поймол менамоянд, дар ҷомеаи ҷаҳони нигарониҳои бузургеро ба бор овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *