Раҳимзода: 143 нафар дастгир шуданду дар Эрон мулоқот доштем

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми август зимни нишасти хабарӣ шумори боздоштшудаҳои ним соли охирро чунин номбар кард:

• “Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар
• “Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар
• “Салафия” – 45 нафар
• “Гурӯҳи 24” – 13 нафар
• ҲНИТ – 6 нафар
• “Ансоруллоҳ” – 9 нафар
• “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар
• “Ал-Қоида” – 3 нафар
• “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар
• Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар
• Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар.
Ба гуфти вазир, дар шаш моҳ аз “ду кӯшиши амали террористӣ пешгирӣ шуда, як амали террористӣ сабт шудааст”.

Раҳбарияти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорат шарҳ дод, ки “ду кӯшиши амали террористӣ дар Фархору Ваҳдат пешгирӣ шуд ва як амали террористӣ дар Исфара рух дод”. Дар ин ҳодисаҳо аъзои ДОИШ ва Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ даст доштанд.
Дар мавриди саволи хабарнигори “пресса.тҷ”оиди гуфтушунидҳои вазир бо мақомоти интизомии Эрон гуфт, ки вай дар он ҷо бо вазири дохилаи ин кишвар мулоқот намуда,чанд шартномаи байни сохторҳоро ба имзо расонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *