Рақибони Манижа дар Евровидение кистанд?

Намояндагони Норвегия, Исроил, Русия, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина дар даври ниҳоӣ ҳунарнамоӣ мекунанд

Даҳ ғолиби аввалини даври нимниҳои дар озмуни Евровидение — 2021, ки шаби гузашта дар Нидерландия баргузор шуд, маълум гардид.
Дар ин озмун сарояндагон аз 16 кишвар, аз ҷумла Литва, Словения, Русия, Шветсия, Австралия, Македонияи Шимолӣ, Ирландия, Кипр, Норвегия, Хорватия, Белгия, Исроил, Руминия, Озарбойҷон, Украина ва Малта ширкат варзиданд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ, танҳо 10 нафар иштирокчиён ба финал баромаданд. Аз ҷумла намояндагони Норвегия, Исроил, Русия, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина дар даври ниҳоӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар интихоб ҳам тамошобинони Евровидение ва ҳам ҳайати доварони салоҳиятдори озмун ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Озмуни суруди Евровидение бори 65-ум баргузор мешавад.
Озмуни асосии мусиқии солро Роттердам баргузор мекунад. Нидерландия пас аз пирӯзии Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 имкони баргузории Евровидениеро ба даст овард.
Аммо, бинобар пандемияи коронавирусӣ дар соли 2020, аввал озмунро мавқуф гузошта, сипас комилан лағв карданд.
Дар Евровидение — 2021, 39 кишвар ширкат доранд.
Русияро дар ин озмун зодаи Тоҷикистон Манижа бо суруди Russian Woman («Зани рус») намояндагӣ кард.
Манижа сурудро барои Eurovision 2021 худаш навиштааст. Мусиқӣ дар ҳамкорӣ бо оҳангсоз ва продюсери исроилӣ Ори Авни ва саксофонисти ҷаз Ори Каплан таҳия шудааст.
Даври дуюми ниманиҳоиӣ Евровидение — 2021 рӯзи 20 май баргузор мешавад. Ғолиби озмун рӯзи 22-юм эълон мешавад.
Евровидение аз соли 1956 инҷониб ҳамасола баргузор мешавад ва яке аз маъруфтарин чорабиниҳои ғайри варзишии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *