“Рахнакунандагони” обанбори Қайкоққум бозошт шуданд

Як сокини минтақаи Сардоба ба маълумоти беасоси шиносҳояш бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки фавран ба кӯча барояд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон шаҳрвандонеро боздошт карданд, ки дар бораи рахнашавии сарбанди обанбори Қайроққум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.
Дар ин бора шабакаи телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълумот додааст.
Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки як сокини минтақаи Сардоба ба маълумоти беасоси шиносҳояш бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки фавран ба кӯча барояд.
Ин овозаҳо дар маҳаллаи «Дӯстлик» -и минтақаи Сардоба ваҳмро ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, як блогер аз минтақаи Акалтин дар Ютюб видеоеро нашр карда, мардумро ба тарки хонаҳо даъват кардву аз обхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.
Ғайр аз он, як сокини ноҳияи Мирзоободи ин хабарро аз шаҳрвандони ду ноҳияи дигар шунида, ба бедор кардани ҳамсояҳо шурӯъ кардаву гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз хонаҳо бароянд.
Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем шаби 14 ба 15-уми январ овозаи рахнашавии сарбанди обанбори “Қайроққум”-и Тоҷикистон аҳолиии чанд минтақаи Ӯзбекистонро дар таҳлука андохт.
Дар пайи ин ҳолат, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққумро рад кард ва мардумро ба оромӣ даъват карда гуфт, иншоот солим ва муътадил кор мекунанд
Спуник

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *