Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раис ба савол ҷавоб надоду…

Раис шарҳ надод, ки чаро боре бо мардуми ҷамоати деҳоти Тугарак боздид накардааст.

Раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло вақти қироати ҳисоботаш гуфт, ки соли 2020 кишоварзони ноҳия 67 ҳазору 780 тонна ғалаю дони ҷуворимакка, 803 тонна зағир, 78 ҳазору 430 тонна сабзавот, 10 ҳазору 855 тонна картошка, 44 ҳазору 134 тонна полезиҳо, 5125 тонна мева ва ғайра истеҳсол карданд.
Ба саволи мо дар хусуси арзиши аслии маҳсулот, боздеҳӣ аз як га заминҳои обию лалмӣ чизе гуфта натавонист ва рақамҳои баробар бори дигар такрор намуда, танҳо афзуд, ки онҳо аз нақша зиёданд.
Инчунин ӯ оиди маҷлисҳои сайёраш дар ҷамоатҳои ноҳия ба суоли хабарнигори дигар қайд намуд, ки бо ҳама сокинони маҳаллаҳои ноҳия вохурдааст. Вале шарҳ надод, ки чаро боре бо мардуми ҷамоати деҳоти Тугарак боздид накардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.