Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раиси Душанбе масҷидҳоро ёдрас кард

Тавре Маркази матбуотии ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад,Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар ҳисоботи солонаи худ гуфт,ки ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, танзими анъана, ки барои баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти сокинони шаҳри Душанбе равона шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот маҳсуб мегардад.
“Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе маҷмӯан 74 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 19 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта мебошанд”, — изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.
Ӯ афзуд, ки инчунин дар Душанбе 29 ташкилоти динии ғайриисломӣамал мекунанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти худро дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд.
Ба гуфтаи шаҳрдори Душанбе, ҳамаи иттиҳодияҳои динӣ дар пойтахт, тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” фаъолият менамоянд.
Мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар давраи пандемия муваққатан намогузориро дар масоҷид маҳдуд кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.