Раиси КДАМ барои боздошти “Ҷенго” сипосгузор аст

Тавре расонаҳои Қирғизистон иттилоъ додаанд, раиси Кумитаи давлаии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев гуфтааст, ки дар боздошти ҷинояткор Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” КДАМ-и Тоҷикистон кумак расонидааст.
“Мо се моҳ аз пушти Қодир Досонов давидем. Ӯ ба Ботканд омад ва аз инҷо ба Тоҷикистон рафт. Ҳамон замоне, ки мо мехостем ӯро боздошт кунем вай ба дигар ҷой гурехт. Дар ниҳоят ман бо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов суҳбат доштам, онҳо ӯро аз Тоҷикистон пеш карданд ва мо ӯро боздошт кардем”,- гуфт Ташиев.
КДАМ Қирғизистон қаблан хабар дода буд, ки ҷинояткор Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” боздошт ва ба маҳбас равона шудааст.
То ин замон вакили мудофеъи “Ҷенго” Нозгул Суйнбаева мегуфт, ки Досонов бо хоҳиши худаш ба КДАМ вилояти Уш омадааст.
Досонов моҳи ноябри соли 2020 барои содир намудани ҷинояти сангин бар зидди амволи хусусӣ ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шуд . Баъд боздошт ни маълум шуд, ки Досонов боз ба содир кардани як ҷинояти дигар муттаҳам мешавад ва нисбати ӯ боз як парвандаи дигар бо моддааи 215 Кодекси ҷиноии Қирғизистон (қонунигардонии (пулшӯӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда) боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *