Раиси шаҳр: Мансабдорон навбатдор истед!

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, бо қарори худ ҷадвали навбатдории мансабдоронро дар мавсими зимистон тасдиқ  намуд

Тавре дар қарор омадааст, мансабдорони навбатдор бояд барои ҳалли саривақтии муроҷиатҳо  ва мушкилоти шаҳрвандон дар давраи зимистони  солҳои 2020-2021  чораҷӯӣ кунанд.

Раиси шаҳр“Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе», Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷиҳати ташкили навбатдории шабона аз ҳисоби кормандон тадбирҳо андешида, вобаста ба хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмин намудан бо об, энергияи  барқу гармидиҳӣ ва дигар  ҳолатҳои фавқулода  чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд”, — гуфта шудаааст дар қарори раиси шаҳр.Ҳамчунин, назорат аз болои иҷрои ин қарор  ба зиммаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Саидзода  гузошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *