Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раиси собиқи шаҳрро ҳабс карданд

Ба иттилои расонаҳо, Суракматов дар доираи парвандаи ҷамъоварии ғайриқонунии амвол ҳамчун шоҳид ба бозпурсӣ даъват шудааст.

Шаҳрдори пешини Бишкек Азиз Суракматов аз сӯи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ин бора як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Қирғизистон хабар дод.

Пештар дар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон тасдиқ карданд, ки шаҳрдори пешин бозпурсӣ мешавад, вале нагуфтанд, ки дар доираи кадом парванда.

Ба иттилои расонаҳо, Суракматов дар доираи парвандаи ҷамъоварии ғайриқонунии амвол ҳамчун шоҳид ба бозпурсӣ даъват шудааст. Ӯ 20 октябри соли гузашта аз мақомаш истеъфо дод.

Азиз Суракматови 51-сола солҳои 2018-2020 шаҳрдори Бишкек буд. Дар гузашта вакили порлумони Қирғизистон низ буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.