Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Расулзода ва боз 5 сарвазир дар Қазон

Ба Ҷумҳурии Тотористон ҳамчунин сарвазирони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия низ ворид шуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода озими Қазон шуд, хабар медиҳад сомонаи радио ва телевизиони Русия Тотористон.
Бар хабари манбаъ, Расулзодаро дар фурудгоҳи байналмиллалии “Тукая” – и Қазон, сарвазири Тотористон Алексей Песошин пешвоз гирифт.
Бояд гуфт, ки дар баробари Расулзода ба Ҷумҳурии Тотористон ҳамчунин сарвазирони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия низ ворид шуданд.
Сарвазирони ин 5 давлат масоили амиқгардонии ҳамгироиро дар доираи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё баррасӣ мекунанд.
Инчунин иштирокчиёни ин нишаст ҳисоботро дар бораи иҷрои барномаи байнидавлатии истеҳсол ва ҳамзамон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи кайҳонро хоҳанд шунид.
Самтҳои асосии ҳамкории саноатӣ дар доираи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё то соли 2025 барои баррасии сарони ҳукуматҳо пешниҳод карда мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.