Роғун: Вохӯрии кормандони КҲФ бо роҳсозони чинӣ

Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо кормандони ширкати чинии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited», ки саргарми бунёди роҳи Обигарм-Нуробод мебошанд, дидор ва гуфтугӯ кардаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, аз қабили лағзиши тарма, резиши санг, заминларза, сел мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

— Аз ҷониби кормандони КҲФ оид ба мавзеъҳои хатарнок дар ҳудуди шоҳроҳи гузошташуда маълумот дода шуда, инчунин оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор тавсияҳо дода шуданд. Барои кормандони ин ширкат ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши табиӣ ва техногенӣ координатҳоро ироа карданд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.