Роҳи Душанбе Хуҷанд баста шуд

Айни замон чандин ронандаву мусофир дар роҳ банд мондаанд. Яке аз ронандагон гуфт, дар вазъияти ногуворе ҳастанд, вале масъулони ширкат гуфтаанд, ба чанде аз ронандаҳову мусофирон ғизо дастрас карданд.

Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон ва ширкати Innovative Road Solutions эълон карданд, ки бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста шудааст. Ба иттилои ҳарду манбаъ, ҳоло тозакунии роҳ аз барфу тарма ва сангреза идома дорад.
Замони дигарбора боз шудани роҳро нагуфтаанд. Масъулони ширкати IRS, ки нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳро ба уҳда доранд, дар дар паёме дар Фейсбук гуфтанд, “кормандон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то дар наздиктарин фурсат роҳ кушода шавад.”
Айни замон чандин ронандаву мусофир дар роҳ банд мондаанд. Яке аз ронандагон гуфт, дар вазъияти ногуворе ҳастанд, вале масъулони ширкат гуфтаанд, ба чанде аз ронандаҳову мусофирон ғизо дастрас карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *