Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ронандагони Хуҷанд амалиёти БДА –ро дастгирӣ карданд

Нозирони  бахши экологияи милитсия дар қаламрави Хуҷанд аксия-амалиёти мақсадноки «Ҳавои тоза» баргузор карданд.  

Ин амалиёт бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.  Дар натиҷа зиёда аз 40 адад автомашинаҳои шаҳрвандон нигоҳ дошта, бо истифода аз дастгоҳҳои махсус аз муоинаи экологӣ гузаронида шуданд.

“Ин иқдом бо мақсади кам кардани таъсири зарароварии ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар намуди сӯзишворӣ ба муҳити атроф роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ҷараёни амалиёт аксияи «Ҳавои тоза» ба қонуншиканон ҷиҳати бартараф намудани он дастурҳо ироа гардида, ба якчанд нафари онҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд”,-хабар дод Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд.

Ӯ гуфт, ташкили чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки ба шаҳрвандон ҳавои софу беғубор ва тозаи муҳити атроф таъмин гардад. Худи ронандагон аз ин иқдом истиқбол намудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.