Роспотребнадзор муҳоҷиронро ба Русия мебарад?

Бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, бояд мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф меоварданд.

“Гурӯҳи мутахассисони Роспотребнадзор рӯзҳои наздик барои таҳлили вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд” гуфтааст, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов дар мулоқот бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода.
Тавре қаблан хабар дода будем, бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, бояд мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф меоварданд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин вохӯрӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
Қаблан Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.
Аммо ҳанӯз маълум нест,ки дар сурати собит гардидани он,ки дар Тоҷикистон дигар КОВИД-19 нест, роҳҳои Русия барои муҳоҷирон боз мешавад ё не?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *